Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дирӯз 28 январ тайи як конфронси матбуотии муштарак бо Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед, тарҳи ба истилоҳ “сулҳи Ховари Миёна”-ро барои умум эълом кард.
Раисҷумҳури Амрико зимни ташреҳи ин тарҳ изҳор дошт: Қудс дар чорчӯби тарҳи “сулҳи Ховари Миёна» ба унвони пойтахти “ҷудоинопазир”-и Исроил муаррифӣ хоҳад шуд ва тарҳи “сулҳи Ховари Миёна” охирин шонси истиқлоли Фаластин ва фаластиниён аст”.
Вай ҳамчунин гуфт: ин тарҳи сулҳ муштамил бар 80 сафҳа буда ва шомили мавориди бисёр арзишманде барои Исроил ва ҳамчунин барои Фаластин аст. Тарҳи мазкур Фаластинро ба унвони як кишвари мустақил бо пойтахти Қудси шарқӣ дар назар мегирад.
Трамп идома дод: дар чорчӯби ин тарҳ пешбинӣ мекунем барои ин ки Фаластин битавонад як давлати мустақил шавад, ба раванди 4 сола ниёз аст.
Бинёмин Нитонёҳу нахуствазири Исроил низ дар ин нишаст, гуфт: дар чорчӯби тарҳи “сулҳи Ховари Миёна шаҳракҳои яҳудинишин дар (Карона бохтарӣ) ба унвони бахше аз хоки Исроил муаррифӣ хоҳад шуд.
Вай афзуд: тибқи тарҳи Амрико муҳоҷирони фаластинӣ ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва ҳокимияти Исроил бар дашти Урдун идома хоҳад ёфт.
Нитонёҳу ин тарҳро як дастоварди бузург ва таърихӣ барои Исроил унвон кард.
Дар ҳамин ҳол, Исмоил ҳния, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфта, қабл аз рӯнамоии Доналд Трамп аз тарҳ ба истилоҳ “сулҳи Ховари миёна” бо Маҳмуд Аббос, раиси давлати Фаластин телефонӣ гуфтугӯ ва бо вай дар хусуси идомаи ҳамоҳангӣ дар баробари тарҳи мазкур ба тавофуқ расидааст.
Ба гузориши хабаргузории расмии Фаластин “Вафо” Ҳания дар ин гуфтугӯи телефонӣ эълом кард, ки Ҳамос аз мавзеъи қотеъонаи раиси давлати Фаластин ҳимоят карда ва ба усули машрӯъи миллии мардуми ин кишвар пойбанд аст.
Вай ҳамчунин аз Маҳмуд Аббос даъват кард, ки тамом ихтилофоти назарҳоро канор бигузоранд ва дар баробари “муомилаи қарн” барои нобудии пружаи миллии Фаластин ба таври ҳамоҳанг амал кунанд.
Маҳмуд Аббос низ аз ин иқдоми Исмоил Ҳания истиқбол карда ва гуфт, ки ваҳдати миллии Фаластин нуқтаи конунии мубориза бо пружаи нобудии ормони ин кишвар аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

