15 нафар дар Тоҷикистон ба гумони гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” аз ташхис гузаштаанд
Дар ин бора Самариддин Партоев, мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ профилактикии вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода гуфт, ин 15 нафарро ба нишонаҳои маризии сироятӣ мо ошкор кардем ва ташхиси онҳоро гирифтем.
Партоев мегӯяд, “Дирӯз як ташхисро аз Хуҷанд гирифтем. Хушбахтона, манфӣ баромад. Се рӯзи аввал 9 ташхисро мо ба Русия фиристода будем, ки онҳо ҳам манфӣ баромаданд. Хулоса, худи дирӯз дар озмоишгоҳҳои худамон 6 нафарро ташхис кардем, ки хушбахтона, ҳамагӣ манфӣ баромад”.
Мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ профилактикии вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид бар ин кард, ки таҳдиди 100% – аи сирояти коронавирсу дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ягон кишвар аз он эмин нест, бахусус, инфексияе, ки тариқи ҳаво мегузарад. Инфексия марзро намешиносад”.
Вай афзуд, Тоҷикистон то ба ҳол тибқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омодагии худро барои ҷилавгирӣ аз вуруди “вируси тоҷдор” гирифтааст.
Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар як озмоишгоҳ ва чанд озмоишгоҳи дигар барои ташхиси “вируси тоҷдор” бо ҷалби 12 вирусологи зубда фаъол ва 5 гуруҳи мобилӣ низ ташкил шудаанд, контейнерҳои махсусро низ дар ихтиёр доранд.
Қаблан Тоҷикистон аз “Роспотребнадзор” – и Русия 2000 системаи оҷили тестӣ ба даст овард, ки “вируси тоҷдор” – ро пурра ташхис мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

