Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВокуниши Қирғизистон ба ҳарфҳои генерали тоҷик

Вокуниши Қирғизистон ба ҳарфҳои генерали тоҷик

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба суханони Навҷувонов дар робита ба қазияи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш нишон доданд. 

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, чанде қабл вазири ин ниҳод ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода дар робита ба гуфтаҳои генерал Навҷувонов изҳори нигаронӣ намуд.

Сардори раёсати ВУД дар вилояти Суғд генерал Абдулло Навҷувонов зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки “агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд”.

Зимнан, Абудкарим Олимбоев дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, “ман ҳам метавонам изҳор дорам, ки ҳудуди Ворух ва Чоркӯҳ пурра ба Қирғизистон рабт дорад. Аммо бояд фаҳмем, ки масъалаи қаламрав – масъалаи бисёр нозуку ҳассос аст. Ҳалли ин масъала ба тақдири ҳазорон мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, рабт мегирад.”

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умевдоранд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular