Sunday, November 16, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетМагар гаҳвораи Раҳмонов аз осмон омадааст

Магар гаҳвораи Раҳмонов аз осмон омадааст

Магар гаҳвораи Раҳмонов аз осмон омадааст, ки ба танқидкунандааш панҷ сол ҳабс пешбини шудааст?

Дар чанд соли ахир, ҳама миллати тоҷик шоҳиданд, ки дар кишвари азизамон, ки 98% дар садаш мусалмон аст, чанд нафар аз динситезону аклситезон ба саҳна баромада, Аллоҳи мутаъол, арзишҳои исломӣ ва паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с)ро мавриди тавҳину бадзабонӣ қарор доданд. Аммо надидем, ки ҳукуматдорони кишвар, намояндагони парлумони кишвар ва пешвояшон, ки худро мусалмон мешуморанд барои чунин афрод, ки ба Аллоҳу Паёмбар густохи кардаанд, ҳабсу ҷазо яктараф истад, ҳатто танбеҳро ҳам раво надонистанд.


Локин барои як нафар, ки сарупо пур аз хатову гуноҳу галату ….. ва ғайра аст, барои таҳқиркунандааш панҷ сол ҳабсро пешбини мекунанд.


Магар ин пешвои пур аз исёну гуноҳу галату хатои шумо манзилаташ аз Аллоҳу Паёмбар болотар аст, ки барои танқидкунандааш панҷ сол ҷазо муаян мешудаасту барои касоне, ки ба арзишҳои исломӣ ва паёмбари Ислом (с) бадзабони мекунад, чизе не???

Аслан қонун бояд баракс баррасӣ мешуд. Яъне агар «пешво» ва Президент, шахсе  миллат ва мардуми кишвари худро таҳқир кунад, аз вазифа сабукдуш ва ба ҷазо кашида шавад.

Ҷаннатуллоҳи Комил

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?