Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия: марги 45 нафар аз коруно дар як рӯз

Русия: марги 45 нафар аз коруно дар як рӯз

Бар асари коронавируси навъи COVID-19 то дирӯз 5 апрел дар Русия 45 нафар фавтиданд.

Тибқи маълумоти расонаикардаи ситоди фаврии Русия, тайи шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 658 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор карда шуд. Мубталоёни нави коронавирус дар 14 минтақаи Русия ба қайд гирифта шуданд.

Бар асоси омори охир ба ҳолати 5 апрел теъдоди маризони коронавирус дар Русия 5 ҳазору 389 нафар дар 79 минтақаи кишварро ташкил медиҳад. Аз ин вирус 45 нафар фавтида, 355 нафар шифо ёфтаанд.

Аксари ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Маскав сабт шудаанд, ки 536 нафар, аз ҷумла 19 кӯдакро ташкил медиҳанд.

Дар вилояти Маскав 45 мариз, вилояти Нижегород 22 ва Санкт-Петербург 20 маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Теъдоди умумии гирифторони COVID — 19 дар шаҳри Маскав то 5 апрел 3893 нафар мебошад.

Сергей Собянин, мири пойтахти Русия зимни сӯҳбаташ бо шабакаи телевизионии «Россия 1» гуфт, ки  «дар Маскав хавфи бештари гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд дорад, чун аксари мардум аз хориҷа тариқи Маскав ворид шуданд, ба ин далел шумораи гирифторон беҳад зиёд аст».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular