Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодситонӣ: «Барқи тоҷик»ба миллионҳо сомонӣ фасодкорӣ кардааст

Додситонӣ: «Барқи тоҷик»ба миллионҳо сомонӣ фасодкорӣ кардааст

Додситони кулли Тоҷикистон даъво кард, ки мақомдорони ширкати “Барқи тоҷик” бо пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодаи барқ аз ҷониби мизоҷони алоҳида миллионҳо сомониро аз худ мекунанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, ки гуруҳи махсуси корӣ иҷрои қонунҳо дар сохтори ширкати “Барқи Тоҷик”-ро санҷида, фасодкорӣ ба андозаи даҳҳо миллион сомониро ошкор кард.

Додситони кул гуфт, “масъулони Шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдат дар солҳои 2018-2019 бо роҳи ба ҳисоботи истифодабарии қувваи барқи ҶДММ “Джонг фу” ва ҶДММ “Сохтмон-Ваҳдат” ворид намудани маълумоти бардурӯғ 17,8 миллион квт/соат барқи истифодашударо барои пардохт пешниҳод накарда, ба давлат 12 миллион сомонӣ зарар расонидаанд”.

Инчунин фасодкорӣ зимни истифодаи барқ дар корхонаи “Ресандаи Кӯлоб” ошкор шудааст, ки масъулини шабакаҳои барқ низ дар он даст дошта, тавассути ба ҳисоб нагирифтани нерӯи барқи истифодашуда ба давлат 350 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.

“Дар ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Турсунзода” бошад, ҳолати аз ҳисобҳо берун мондани 27,7 млн. квт/соат неруи барқ ошкор карда шуд”, хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Юсуф Раҳмон.

Манбаъ афзуд, ба ҳамин монанд, ба ҳисоб нагирифтани 15миллиону 100 ҳазор. квт/соат неруи барқ ба маблағи 1миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар Шабакаҳои барқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян карда шуда, дар асоси амри прокурорӣ маблағи 826 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан таъкид шуда буд, ки дар бархе ҳолатҳо масъулини “Барқи тоҷик” нерӯи барқи дуздидашудаю талафёфтаро дар ҳисобҳо ҳамчун қарзи мардум пешниҳод мекарданд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандон мегӯянд, мунтазам ҳаққи баркро пардохт мекунанд, масъулини “Барқи тоҷик” дар оморҳо қарзи мардумро садҳо миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад.

Тибқи омори расмӣ қарзи мизоҷон аз “Барқи тоҷик” ҳудуди 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Юсуф Раҳмон мегӯяд, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳкорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64миллиону 100 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular