Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоруно «облава»-ро аз байн набурд

Коруно «облава»-ро аз байн набурд

Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар як иттилоияи худ навишт, ки дар артиши кишвар ягон маҳдудият ба далели коронавирус ҷорӣ нагардидааст.  Ҳамчунин замони фиристодани ҷавонони интихобшудагони нав ба суфуфи артиш тағйир наёфтааст.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати дифоъ, аз рӯзи якуми апрел барномаи даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар оғоз шуд. Расонаӣ шуд, ки аллакай дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ Вилояти мухтори куҳостони Бадахшон ва чанд ноҳияҳои дигар дар вилояти Хатлон нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Дар ҳамин ҳол чанд наворе расонаӣ шуд, ки дар он лаҳзаҳои «облава”-и ҷавонони синну соли хидмати ҳарбӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ин ҳодиса қарибиҳои нисфирӯзии 6 апрел дар назди мағозаи «Олами китоб” дар наздикии кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллӣ рух додааст. 

Дар навор дида мешавад, ки як гуруҳи мардон бо мошини «Опел”, дар назди мағозаи нави «Олами китоб” ҷавонони зоҳиран синну соли даъвати ҳарбиро иҳота карда, маҷбуран ба мошини худ бор мекунанд. Дар байни издиҳом ҷавонони зиёде бо пироҳани ҳарбӣ дида мешаванд, ки зоҳиран донишҷӯёнанд ва аз дарс дар кафедраи ҳарбӣ берун шудаанд. Видео бо лаҳзае ба поён мерасад, ки «облава”-чиён «сайд”-и худро ба мошин бор карда, бо шаст аз ҷои ҳодиса ҳаракат мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular