Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов гуфт, 6-уми апрел дар ин кишвар 69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 сабт шудааст. Ба гуфтаи вазир, ҳолатҳои нав дар афроде ошкор шудааст, ки бо беморон тамос доштанд.
Дар маҷмӯъ дар бемористонҳои Қирғизистон 202 нафар табобат мегиранд, ки вазъи 5
танашон вазнин гуфта мешавад.
Дар Қирғизистон то 6-уми апрел 216 кас ба коронавирс мубтало шуда, чаҳор кас ҷон бохтаанд. То ҳол 10 кас шифо ёфтаанд. Имрӯз низ қарор аст, 23 тани дигар аз беморхона рухсат шаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

