Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги молики ошхонаи тандуркабоб бо ҳамсараш дар Шаҳристон ва карантини оилаву ошхонааш

Марги молики ошхонаи тандуркабоб бо ҳамсараш дар Шаҳристон ва карантини оилаву ошхонааш

Молики ошхонаи маъруфи тандуркабоб дар баромадгоҳи ағбаи Шаҳристон, ки чанде қабл аз сафари Ӯзбекистон баргашта буд, рӯзи ҷумъа 11 апрел аз бемории номаълуме ҷон бохтааст. 

Тибқи иттилоъи манбаъи мӯътамади “Паём” молики ошхонаи маъруфи кабоби танӯрӣ ё арчакабоб, Шодмон (мутаассифона манбаъ насабашро гуфта натавонист), ки бо лақаби “Шодмони тандуркабоб” маъруф буд, баъди чанд рӯзи беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Шодмон ду ҳафта қабл бо роҳи қочоқ ба Ӯзбекистон сафар доштааст. 

Як рӯз баъд аз ӯ, яъне дирӯз, 12 апрел ҳамсараш ҳам бо нишонаҳои бемории ҳамсон, аз дунё реҳлат намудааст. Манбаъ ҳамчунин гуфт дирӯз дар маркази ноҳияи Шаҳристон 4 ҷаноза буд, ки марги се нафари онҳо мубҳам аст. 

Баъди марги Шодмону ҳамсараш ошхонаи мутааллиқ ба ӯ ва тамоми аҳли хонаводааш ба карантин фаро гирифта шудаанд. 

Паём дар ҳоли таҳқиқи бештари ҳодисаи марги Шодмону ҳамсараш аст ва бо дарёфти иттилоъи бештар хонандагонро огоҳ хоҳад кард.  

Як манбаъи дигар иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта бозори Истаравшан аз харидорону фурӯшандагон холӣ карда шуда, зиддиуфунӣ шуд ва ҳоло бозор қисман кор мекунад.

Манобеъи зиёде иттилоъ медиҳанд, ки карантиншудаҳо дар беморхонаҳои ноҳияи Ҷ. Расулов ва шаҳри Хуҷанд аз тарафи мақомоти қудратӣ сахт таҳдид шудаанд, ки дар бораи бемориашон ва ҳолати карантин дар ин ду беморхона ба касе иттилоъ надиҳанд.

Ҳамчунин манбаъи дигари Паём гуфт, ки Ҳабибулло Шодиев, ки баъди марги ӯ беморхонаи ноҳияи Ҷ. Расулов карантин шуд, воқеъан ба Қирғизистон сафар дошта, баъди бозгаштан аз онҷо бемор шудааст. “Хонаводааш ҳам аввал инро пинҳон намекарданд, вале баъди вориди қазия шудани мақомоти қудратӣ онҳо сафари Шодиев ба Қирғизистонро такзиб карданд” — изҳор дошт манбаъ. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular