Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавҷи дуввуми коруно дар Чин ва нигаронӣ дар Эрон

Мавҷи дуввуми коруно дар Чин ва нигаронӣ дар Эрон

Барои аввалин бор дар панҷ ҳафтаи гузашта танҳо дар арзи 24 соат 108 мавриди тозаи ибтило ба вируси ҷадиди коруно дар Чин сабт шуд. Ин хабар нигарониҳоеро дар мавриди имкони буруз мавҷи дувуми коруно дар Эрон ба думбол доштааст. 

Камтар аз як ҳафтаи пеш буд, ки Чин эълом кард, омори ибтило ба вируси коруно ба шиддат уфт карда ва дар як рӯз (6 то 7 апрел) барои аввалин бор ҳеҷ мавриди марге сабт нашуда ва афзун бар ин танҳо 32 мавриди ҷадиди ибтило гузориш шудаанд. 

Акнун аммо мавориди ҷадиде аз ибтило ба ин вирус дар бархе манотиқи ин кишвар ба сабт расидаанд. Рӯзи якшанбе 12 апрел якшанбе дар ҳоле 108 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси коруно дар Чин эълом шуд, ки рӯзи қабл аз он танҳо 99 мавриди ҷадид шиносоӣ шуда буд. Ин рақам болотарини мизони ибтилои ҷадид ба вируси коруно аз панҷ ҳафтаи пеш ба ин сӯ аст. 

98 маврид аз байни 108 ибтилои ҷадиди шаҳрвандони чинӣ ҳастанд, ки то кунун дар хориҷ аз кишвар буда ва ба тозагӣ ба Чин бозгаштаанд. 

Ба гуфтаи муовини мудири кулли комиссияи саломатии Чин шумори беморони COVID- 19 дар рӯзҳои оянда бештар хоҳад шуд. Далели ин амр мавҷи мусофирони бозгашта ба Чин аз мабъоди вурудии ин кишвар аст, ки бар асоси омор то кунун байни 10 то 20 дарсади онҳо олуда ба вируси COV-2 будаанд. 

Интишори ин хабар нигарониҳоеро дар заминаи ташдиди шуйӯъи бемории COVID- 19 дар Эрон ба думбол доштааст. Бо эълони расмии Ҳасан Рӯҳонӣ, раис Ҷумҳурии Исломии Эрон, идорот ва касбу корҳои камхатар дар шаҳристонҳо фаъолияташонро аз рӯзи 11 апрел 23 фарвардин оғоз кардаанд. Ин таърих барои Теҳрон низ шанбеи оянда эълом шудааст. 

Намояндаи Шервон дар маҷлиси Шӯрои исломӣ зимни ташаккур аз мақомоти давлатӣ дар амри мубориза бо коруно гуфт: “Аммо бо ин равиш, ки пеш мебарем, беморӣ ба шакли музмин дар хоҳад омад ва мардум мудом стресси ибтило ба онро хоҳанд дошт; Ҳама аз васоили нақлия фирор хоҳанд кард ва корҳо ба ҷойи ин ки бо ҷиддият анҷом шаванд, ҳатто бо як севвум ҳам пеш нахоҳад рафт ва дар ниҳоят ҳама, аз корфармо ва коргар гирифта то бахшҳои хадамотӣ ва ғайра зарар мекунанд”. 

Ин намояндаи Маҷлис таъкид кард, ки бояд корро яксара ва бо як бор ҳазина ва таътили кишвар мавзӯъро тамом кард. 

Каёнваш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошт, рӯзи душанбе, 13 апрел рақами мубталиён ба вируси ҷадиди коруноро 73 ҳазору 303 нафар ва омори фавтшудагонро 4585 нафар эълом кард. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар 24 соати гузашта 111 нафар дар асари ибтило ба бемории COVID- 19 ҷон бохтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular