Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲушдори сандуқи байналмилалии пул нисбат ба бурузи нооромиҳои иҷтимоӣ

Ҳушдори сандуқи байналмилалии пул нисбат ба бурузи нооромиҳои иҷтимоӣ

Сандуқи байналмилалии пул нисбат ба имкони бурузи “нооромиҳои иҷтимоӣ ва эътирозоти ҷадид” дар ҷаҳон ба далели рукуди иқтисодии ношӣ аз шуйӯъи коруно ҳушдор дод. Ин созмон аз афзоиши фақр ва бекорӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ибрози нигаронӣ кардааст. 

Сандуқи байналмилалии пул (IMF) дар гузорише, ки рӯзи чаҳоршанбе 15 апрел мунташир шуд дар мавриди нооромиҳои иҷтимоӣ дар пайи ҳамагирии вируси коруно ва бемории COVID-19 ҳушдор додааст. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Сандуқи байналмилалии пул ибрози нигаронӣ кардааст, ки агар иқдомоти давлатҳо барои коҳиши буҳрони иқтисодии ношӣ аз бемории COVID-19 нокофӣ бошад, имкони бурузи “эътрозоти ҷадид” дар бархе аз кишварҳо вуҷуд дорад. 

Дар гузориши сандуқи байналмилалии пул омадааст, ки агар кумакҳои давлатии кишварҳои буҳронзада ба таври ноъодилона ба нафъи ширкатҳои бузург ва на барои умуми мардум тақсим шавад, ин амр метавонад боиси буруз нооромиҳои иҷтимоии ҷадиде шавад. 

Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор додааст, ки ин хатар ба вежа дар кишварҳое, ки пеш аз ин низ бо «фасоди густурда” ва “адами шаффофият” дар умури давлатӣ рӯ ба рӯ будаанд ва иқдомоти давлатӣ ва хадамоти умумии заиф доштаанд бештар мушоҳида хоҳад шуд. 

Дар ин гузориш ба нооромиҳои иҷтимоии солҳои ахир, ки ношӣ аз норизоияте нисбат ба сиёсати иқтисодии кишварҳои гуногун аст, ба унвони намуна дар Эквадор, Чилӣ, Гаитӣ, Эрон ва ҷунбиши “ҷалиқазардҳо” дар Фаронса ишора шудааст. 

Буҳрони иқтисодии ношӣ аз шуйӯъи вируси коруно дар ҳоли ҳозир низ танишҳоеро дар кишварҳое назири Африқои ҷанубӣ эҷод кардааст. Рӯзи сешанбе дар Пиптаун, дувумин шаҳри пурҷамъияти Африқои ҷанубӣ, нерӯҳои полис барои саркӯби эътирозоти сокинони манотиқи фақирнишин, ки ба далели камбуди маводи ғизоӣ ба хиёбонҳо омада буданд аз гулӯлаҳои палостикӣ ва гази ашковар истифода кард. 

Давлатҳои гуногун дар саросари ҷаҳон маболиғи ҳанагуфтаеро барои коҳиши таъсироти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариши вирус ихтисос додаанд. Ба гузориши Сандуқи байналмилалӣ аз ин маблағ ҳудуди 3.3 триллион доллар (муодили ҳудуди 3 триллион евро) барои ҳазинаҳои изофии давлатҳо, ҳудуди 1.8 триллион доллар барои пардохти вом ва тазриқи сармоя ва маблағ 2.7 триллион доллар барои замонатҳои давлатӣ дар назар гирифта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular