Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМусобиқоти футбол байни бонувон шурӯъ шудааст

Мусобиқоти футбол байни бонувон шурӯъ шудааст

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври аввали чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни бонувон хабар дод, ки бо иштироки 10 даста давом дорад

Тибқи иттилои Кумита, чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон оғоз гардид, ки дар он 10 даста ширкат мекунад.

Манбаъ афзуд, дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло – “Зебонисо”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар вохӯрданд. Бозӣ бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии бохтариҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад ба ҳадаф расонд.

Кумитаи миллии олимпӣ илова намуд, ки бо ҳисоби 1:0, ҳамчунин “Зебо” бар “Регар-ТадАЗ”, “Барқ” бошад, бар тими “Равшан” ғолиб омад.

Дар даври аввал футболбоздухтарони “Чашма” дастаи “Панҷшер”-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. “Бешкент” ба дарвозаи “Ҳосилот” 2 голи беҷавоб зад.

Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кардааст, ки чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дар ду марҳила сурат мегирад, ки ҳар даста бо дигар дастаҳо дар хона ва сафар вомехӯранд. Ҳар даста дар мавсими нав 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular