Дар ноҳияи Ҷайҳун 3 ноболиғ аз як хонавода баъд аз истеъмоли занбурӯғ заҳролуд шуда, дар беморхона фавтиданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, рӯзи 14-уми апрел чаҳор ноболиғ – Нигорамоҳ Ҳомидоваи 10-сола, Нозанини 7-сола, Басонати 6-сола ва Рустамҷони 2-сола дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур бо аломатҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ карда шуданд.
“Аз рӯйи нақли модари кӯдакон, онҳо рӯзи 14-уми апрел аз саҳро як коса занбурӯғ чида овардаанд ва аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки барояшон пухта бидиҳад. Модар барояшон занбурӯғро пухта додааст. Баъд аз истеъмоли он вазъи саломатии кӯдакон бад шуда, онҳоро ба беморхона интиқол додаанд”, — гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, пизишкон барои наҷоти кӯдакон чора андешиданд, вале 17-уми апрел Нигорамоҳ, 18-уми апрел Рустамҷон ва 19-уми апрел Нозанин вафот карданд.
Табибон ҳолати Басонат Ҳомидоваро айни замон муътадил арзёбӣ мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

