Як табиби шӯъбаи терапевтии беморхонаи ноҳиявии Зафаробод ва як ҳамшираи шафқати дармонгоҳи ҳамин ноҳия, ки ҳамсари мудири қаблии шӯъбаи бемориҳои сироятӣ гуфта мешавад, “аз илтиҳоби шуш” ҷон додаанд.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, табиби шӯъбаи терапевтии беморхонаи ноҳиявии Зафаробод Баротқулов Мардонқул рӯзи ҷумъа, 24 апрел бо нишонаҳои бисёр шабеҳ ба вируи коруно реҳлат кардааст. Мақомот марги ӯро расман аз “илтиҳоби шуш” эълон кардаанд, аммо хонаводааш ба карантин фаро гирифта шудааст.
Ин шӯъбаи беморхона ба карантини шадид гирифта шуда, даромадан ё хориҷ шудан аз он манъ карда шудааст. Ба табибону беморон хӯрокро нафарони махсу дастрас мекунанд.
Як рӯз пас, шанбе 25 апрел ҳамшираи шафқати дармонгоҳи ноҳиявии Зафаробод Суярқулова Хосият бо нишонаҳои COVID-19 ҷони худро аз даст додааст. Гуфта мешавад, Хосият Сиярқулова ҳамсари мудири қаблии шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи ноҳиявӣ аст.
Имрӯз фарзандони Хосият Сиярқулова бо таъби баланд ба беморхона бурда шудаанд.
Тамоми беморони вазъашон сабук ва миёнаи беморхонаи ин ноҳия ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Тибқи иттилоъи манбаъ, шумори онҳое, ки бо нишонаҳои вируси коруно бистарӣ гардидаанд, даҳҳо нафар аст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз вуҷуди COVID-19 дар Тоҷикистонро расман рад мекунанд ва тамоми маргҳои бо нишонаҳои ин вирусро ба илтиҳоби шуш рабт медиҳанд. То имрӯз марги даҳҳо нафар бо нишонаҳои вируси коруно расонаӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, адади бисёр ками маргумир ба расонаҳо роҳ меёбад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

