Институти пажӯҳишҳои сулҳ афзоиши будҷаи низомии кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019-ро дар даҳаи гузашта бесобиқа эълом кардааст. Амрико дар садри ҷадвал аст ва Арабистони саудӣ дар радаи панҷум. Чин ва Ҳинд низ будҷаи таслиҳотии худро афзоиш додаанд.
Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм гузориши марбут ба будҷаи таслиҳотии ҷаҳон дар соли 2019-ро мунташир кардааст. Гузорише, ки ҳикоят аз афзоиши бесобиқаи будҷаи таслиҳотии ҷаҳон дар даҳаи гузашта дорад.
Бар асоси ин гузориш, кишварҳои ҷаҳон ҳудуди 2 триллион доллар (1917 миллиард доллар) дар соли гузашта сарфи таслиҳот кардаанд. Нархи афзоиши будҷаи таслиҳотии кишварҳои ҷаҳон дар соли гузашта, аз соли 2010 ба ин сӯ бесобиқа будааст. Ба ин тартиб, кишварҳои ҷаҳон 2,2 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии соли гузаштаро ба умури таслиҳотӣ ихтисос додаанд.
Будҷаи таслиҳотии кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019 дар қиёс бо соли пеш аз он аз рушди болиғ бар 3,6 дарсад бархурдор будааст.
Амрико дар садри ҷадвал
Бештарин будҷаи таслиҳотии кишварҳои ҷаҳон мутааллиқ ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико аст. Ин кишвар дар соли 2019 будҷаи болиғ бар 732 миллиард доллар барои таъмини ҳазинаҳои таслиҳотии худ тахсис додааст. Бинобарин беш аз як севум ҳазинаи таслиҳотии кулл ҷаҳон марбут ба будҷаи низомии Амрико мегардад.
Ду кишвар, Чин ва Ҳинд низ бар мизони будҷаи низомии худ дар соли гузашта афзудаанд. Ин ду кишвар пас аз Амрико, бештарин ҳазинаи таслиҳотӣ дар ҷаҳонро доштаанд.
Чин бо ихтисоси 261 миллиард доллар дар радаи дувум қарор дорад ва Ҳинд низ бо беш аз 71 миллиард доллар дар радаи севум. Бояд афзуд, ки будҷаи низомии Ҳинд дар соли 2019 дар қиёс бо соли пеш аз он аз афзоиши ҳудуди ҳафт дарсад бархурдор будааст.
Русия низ 65 миллиард доллар дар соли гузашта сарфи ҳазинаҳои таслиҳотии худ кардааст ва ба ин тартиб дар радаи чаҳорум қарор дорад.
Арабистон дар радаи панҷум
Мизони будҷаи низомии Олмон дар соли гузашта ҳудуди 50 миллиард доллар будааст. Ба ин тартиб, бар асоси омори мунташир шуда аз сӯи институт, Олмон ба лиҳози будҷаи низомии худ дар радаи ҳафтум қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки афзоиши будҷаи низомии Олмон ва кишварҳои узви иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба афзоиши қудрат ва ҳузури низомии Русия сурат гирифтааст.
Дар ҳоле, ки будҷаи низомии кишварҳои африқоӣ дар соли 2019 нисбат ба панҷ соли гузашта бори дигар раванди суудӣ доштааст, будҷаи низомии кишварҳои Ховари Миёна коҳиш ёфтааст.
Коҳиши будҷаи таслиҳотии кишварҳои Ховари Миёна умдатан ношӣ аз коҳиш 16 дарсади будҷаи низомии Арабистон аст. Ба рағми ин коҳиш, Арабистони саудӣ бо сарфи ҳудуд 62 миллиард доллар барои таҷҳизи таслиҳотии худ, пас аз Русия дар рутбаи панҷуми ҷаҳон қарор дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

