Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазъ дар Истаравшан вахим аст. Баъди гирифтории табиб “Авис”-ро ҳам бастанд (аксҳо)

Вазъ дар Истаравшан вахим аст. Баъди гирифтории табиб “Авис”-ро ҳам бастанд (аксҳо)

Маркази ташхисию табобатии Ависдар шаҳри Истаравшан баъди сироят ёфтани табиби терапевти ин марказ вуруди беморонро пурра манъ кардааст. Манобеъ ҳамчунин аз марги як нафар дар ин марказ ва як корманди фабрикаи паррандапарварӣ хабар медиҳанд.

Маркази “Авис” баъди гирифтории табиби терапевташ Нарзуллоев Ҷамшед ба вируси коруно ё а қавли мақомот “илтиҳоби шуш” қабули беморонро қатъ кардааст. Ҳамчунин шоми гузашта дар ин марказ як бемор аз COVID-19 даргузаштааст.

Тибқи иттилоъи манбаъи  дигари Паём, як корманди фабрикаи парандапарварӣ низ чанд соат қабл бо нишонаҳои вируси коруно ҷон дода, тамоми хонаводааш карантин шудааст. Худи фабрикаро зиддиуфунӣ карда, кормандонашро ташхис кардаанд.

Шоми гузашта манобеъ ҳамчунин аз марги Кароматуллоев Эҳсонулло Ҳикматуллоевич мутахассиси ширкати “Оби Зулол” қабл аз ифтор хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ табъи ӯ баланд мешавад ва ҳанӯз ба беморхона нарасида, дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон медиҳад. Мақомот аз ширкати мардум дар ҷаноза пешгирӣ карда, танҳо ба ширктаи 8 нафар аз хонаводаи маййит иҷоза додаанд.

Ҳамчунин манобеъ аз ба шӯр омадани мардум ва садо баланд карданашон дар бораи ин ки чаро дар расонаҳои давлатӣ, ба хусус телевизион дар ин бора чизе намегӯянд, хабар медиҳанд. 

Дар шаҳр бе ниқобу дастпӯшак ба ҳеҷ бинои иҷозаи вуруд намедиҳанд ва бозору кӯчаҳои серодамро зиддиуфунӣ мекунанд. Аксҳое, ки манобеъи Паём равон карданд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. 

Тамоми дорухонаҳои шаҳр, ки шуморашон ҳам кам нест пур аз одам буда, ворид шудан ба онҳо ба мушкилӣ даст медиҳад. Беморхона ягон бемореро ғайр аз беморон бо таби баланд қабул накарда истодаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular