Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет140 тоҷикистонӣ ба Ӯзбекистон кӯчидаанд

140 тоҷикистонӣ ба Ӯзбекистон кӯчидаанд

Кумитаи давлатии Ӯзбекистон омори  вазъи демографӣ дар кишвар, аз ҷумла муҳоҷиратро нашр кардааст. Тибқи омор дар се моҳи аввали соли равон чанд тоҷикистонӣ ба кишвари ҳамсоя кӯчиданд ва чанд шаҳрванди Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои ҳамешагӣ омаданд

Бино бар иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали соли 2020 ба кишвар 490 шаҳрванди хориҷӣ кӯчиданд.

Аз ин шумора, тақрибан, се дар якаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Яъне 140 тоҷикистонӣ кишварро ба қасди Ӯзбекистон тарк карданд.

Аммо шумораи ӯзбекистониёне, ки барои зиндагӣ Тоҷикистонро интихоб кардаанд, ҳамагӣ 15 нафарро ташкил медодааст.

Дар ҳамин ҳол, қазоқистониҳо пешсафанд, ки шумораи онҳо 167 нафарро ташкил додааст.

Дар бештари ҳолатҳо муҳоҷирон ё Тошканд ва ё вилояти Тошкандро интихоб мекунанд.

Аз Ӯзбекистон бошад бисёртар ба Қазоқистон ва Русия ҳиҷрат мекарданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular