Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБонки Миллӣ аз афзоиши маргумир аз «илтиҳоби шуш»хабар дод

Бонки Миллӣ аз афзоиши маргумир аз «илтиҳоби шуш»хабар дод

Бонки миллии Тоҷикистон ба таври ғайримунтазира эълом кард, ки маргу мир аз бемории илтиҳоби шуш дар кишвар тайи чаҳор моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш афзоиш доштааст.

Бонки миллии Тоҷикистон гузориш дод, ки тайи чаҳор моҳи нахусти имсол панҷ ҳазору 489 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи  соли гузашта 850 маврид бештар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон теъдоди афроди фавтида бар асари бемории илтиҳоби шушро дар чаҳор моҳи нахусти имсол 95 нафар эълом кардааст.

Ин дар ҳолест, ки  Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш дода буд, ки дар се моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар кишвар теъдоди нафарони мубтало ба илтиҳоби шуш 169 нафар камтар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳамасола байни ҳафт то 16 ҳазор нафар дар  кишвар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор мешаванд, ки аз 130  то 650 нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Гуфтанист,  Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз моҳҳои инкори вуҷуди вируси корона танҳо рӯзи 30 апрел аз сабти 15 бемори мубтало ба КОВИД 19 дар кишвар хабар дод.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular