Носир Умаров, бародари сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон Мансур Умаров, ки дар ширкати «Барқи тоҷик» кор мекардааст, баъди панҷ рӯзи табобат дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе фавтидааст. Мақомот даъво доранд инҷо асосан гирифторони бемориҳои сироятӣ ва илтиҳоби шуш муолиҷа мегиранд.
То ба ҳол сабаби марги Носир Умаровро на мақомот ва на наздиконаш расман шарҳ надодаанд.
Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз коруно фавтидааст ва ҷасадашро низ ба пайвандон надоданд.
Радиои Озодӣ бо истиноб ба ӯ навиштааст: «Носир Умаровро баъди бемор шуданаш барои табобат ба чанд шифохона бурда буданд, вале касе қабул накард. Бисёриҳо дар ҳайрат буданд, ки агар бо вай чунин рафтор шавад, ҳоли одамони одӣ чӣ хоҳад шуд. Билохира дар бемористони Зарафшон ҷой карданд. Ӯро дар Душанбе дафн карда, ба падараш гуфтаанд, аз деҳа наояд.»
Ба иттилои дарёфтӣ, дафни Носир Умаров субҳи 5-уми май дар пойтахт сурат гирифтааст.
Дар Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавирус расман тасдиқ шуд, то кунун ба гуфтаи мақомот 230 нафар ба он мубтало шуда, 3 нафар ҷон бохтаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

