Sunday, April 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФавти як афсари баладпояи КДАМ аз коруно

Фавти як афсари баладпояи КДАМ аз коруно

Сарҳанг Гадоев Ҷамол, корманди идораи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки баъди гирифторӣ ба вируси коруно ҷон дод, дар зодгоҳаш — ноҳияи Зафаробод ба хок супорида шуд.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, сарҳанги 53 сола қаблан муовини сардори КДАМ дар вилояти Суғд буда, сипас ба идораи марказии Кумитаи амният ба кор гузаштааст. 

Ҷанозаи ӯро 3 рӯз пеш ба зодгоҳаш деҳаи Бахти ноҳияи Зафаробод оварда, рост ба қабристон бурданд. Ҷаноза ҳам ҳамонҷо баргузор шудааст. 

Дар ҷаноза танҳо наздиконаш иҷозаи ширкат пайдо кардаанд, аммо ба онҳо ҳам иҷоза надодаанд ба маййит наздик шаванд. 

Гадоев хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ ва аз оилаи чӯпон аст. Аз бародаронаш манбаъ чун инсонҳои бо тарбия ва донишманд ёдоварӣ кард. Ҳамагӣ сокини деҳаи Бахти ноҳияи Зафаробод будаанд. 

Ҳарчанд худи сарҳанг дар Душанбе зиндагӣ мекард, дар деҳаи Бахт як иморати дукабата сохта буд ва оилааш бо фарзандонаш ҳамонҷо зиндагӣ мекунанд. Тибқи баъзе маълумот шомили гурӯҳи муҳофизони Эмомалӣ Рахмон ҳам будааст. 

Бародараш Гадоев Ҷалол корманди ВКД дар ноҳияи Спитамен аст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular