Волидони сарбозоне дар ноҳияи Зафаробод иддао доранд, ки писарони онҳо ғайриқонунӣ ба хизмат бурда шудаанд ва бояд нисбати ин ҳолат аз сӯи мақомот чораи ҳуқуқӣ сурат бигирад
Роҳила Ёдгорова, модари Бахтиёр Ҷумъаев, яке аз чор сорбоз дар ноҳияи Зафаробод мегуяд, масъулини комиссарияти ҳарбии ноҳия иллати бекор кардани рутбаи ҳарбии писарашро шарҳ надода, онҳоро бидуни огоҳии аъзои хонавода ба хизмат бурдаанд.
Ӯ гуфтааст, “Дар комиссарияти ҳарбии ноҳия сабаби бекор кардани рутбаи ҳарбии фарзандонамонро шарҳ надоданд. Гӯё, ки фарзандони мо, ки дар беморхонаи ноҳия кор мекунанд, аз хизмат саркашӣ карда бошанд”.
Ин сокини ноҳияи Зафаробод мегуяд, писари ӯву Аҳлиддин Ашрафов ва Дилшод Эшонқулову Шодӣ Шодиев, баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки барои муҳассилин курси ҳарбиро низ фароҳам кардааст, бо дипломи олӣ ва билетӣ ҳарбӣ ба сифати табиб дар беморхонаи ноҳия ба кори касбии худ дохил шуданд, вале кормандони комиссарияти ҳарбӣ бо бекор кардани рутбаи ҳарбӣ, онҳоро пеши худ ба хизмат бурдаанд.
Ба гуфтаи волидони сарбозон, фарзандони онҳо, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси пандемияи COVID -19 дар шароити қарантини хонагӣ қарор доштанд, вале масъулини комиссарияти ҳарбӣ аз ин вазъ истифода карда, онҳоро ба хизмат бурдаанд. Онҳо ин ҳолатро хилофи қонунҳои ҷории кишвар арзёбӣ мекунанд.
Волидони ин сарбозон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба санаи 12 уми май ба унвонии прокуратураи гарнизони ҳарбии Суғд шикоят бурдаанд, ва умедворанд, ки ин ниҳод нисбати масъулони комиссарияти ҳарбӣ баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳаққи қонунии фарзандони онҳоро ҳифз хоҳад кард.
Бахтиёр Ҷумъаев, духтури сироятшинос, Аҳлиддин Ашрафов, анастезиолог — реаниматолог, Дилшод Эшонқулов, духтури асабшинос ва Шодӣ Шодиев, табиби ҷарроҳ, ҳар яке кормандони беморхонаи ноҳияи Зафаробод мебошанд, ки дар рӯзи 1 ба 2 уми май аз сӯи кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия барои ба хизмат бурда шудаанд.
Мақомоти комиссарияти ҳарбӣ мегуянд, дар ҷалби онҳо ба хизмати аскарӣ қонуншиканӣ сурат нагирифтааст ва иллати бекор намудани рутбаҳои ҳарбиии онҳо дар паи саркашӣ намудан аз хизмат сурат гирифтааст.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

