Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯке аз 40 корманди қаблан карантиншудаи Бонки Миллӣ даргузашт

Яке аз 40 корманди қаблан карантиншудаи Бонки Миллӣ даргузашт

Абдузоир Гадоев, корманди Бонки Миллии Тоҷикистон, ки баъди 14 карантин мураххас шуда буд, дар ноҳияи Вахш аз COVID-19 даргузашт. Маълум шуд ӯ ҳамчунин писарашро ҳам ҳамроҳ бо синҳору наберааш гирифтор кардааст. 

Гадоев аз ҳамон гурӯҳи 40-нафараи кормандони Бонки миллӣ гуфта мешаад, ки қаблан расонаҳо аз карантинӣ шуданашон хабар дода буданд. 

Манбаъи Паём гуфт, Абдузоир Гадоев дар шаҳри Душанбе мезист, аммо баъди он ки аз карантин мураххас шуд ба хонаи писараш ба ҷамоъати Рӯдакии ноҳияи Вахш меравад. Баъди чанд рӯзи беморӣ дар хонаи писараш фавтид ва рӯзи 18 май дар қабристони деҳаи Колхоз-3, ҷамоъати Рӯдакӣ ба хок супорида шуд. 

Манбаъ гуфт ҳоло писар, синҳор ва набераи Гадоев ду рӯз аст, ки табъи баланд доранд ва мақомот хонаи ӯро карантин кардаанд.

Қаблан расонаҳо аз карантин шудани 40 корманди Бонки миллӣ хабар дода буданд, аммо худи бонк хабарро рад карда гуфта буд ҳама коргаронаш сари коранд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular