Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон ба сафар шурӯъ кард

Раҳмон ба сафар шурӯъ кард

Расонаҳои давлатӣ хабар доданд, ки субҳи имрӯз 28 май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафар кард Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки то имрӯз дар ин минтақа 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштааст, ки табибон бояд барои муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Ин сафари раисҷумҳур, аввалин сафар баъди эълони вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон аст. Фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мухолифони ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба раисҷумҳурро дар чунин ҳолати вахим ба беамалӣ гунаҳкор карда, истеъфояшро талаб карданд. Айни ҳол бо ибтикори пойгоҳи сиёсӣ ва таҳлилии Ислоҳ эстафетаи “Истеъфо Раҳмонов” дар шабакаҳои иҷтимоӣ рафта истодааст. Даҳҳо нафар аллакай бо пахши навор истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро талаб кардаанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular