Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТабиберо, ки бо доруи мол 300 нафарро табобат карда буд, аз вазифа...

Табиберо, ки бо доруи мол 300 нафарро табобат карда буд, аз вазифа сабукдӯш карданд

Сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев, ки аввал худаш сипас тибқи гуфтааш 300 нафарро бо доруҳои зидизукомии мол табобат карда буд, аз вазифааш сабукдӯш шудааст

Худи Гиёев ин хабарро ба расонаҳо таъйид карда гуфтааст, ин барканорӣ дар пайи мактуби шикоятии раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ба вазорати тандурустӣ воқеъ шудааст.

“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, — гуфтааст Қобилҷон Гиёев.

Гуфта мешавад ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури сардухтурри қаблии ин бемрхона таъин гардидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular