Бо хатсайри махсуси ширкати FlyDubai 180 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай ба Тоҷикистон оварда шуданд.
“Дирӯз 31 май соати 18:30 ҳавопаймои ширкати FlyDubai 180 шаҳрванди моро, ки бинобар пандеми ва баста будани сарҳадҳо наметавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд, ба Душанбе овард. Табибони фурӯдгоҳи Дубай ду нафарро бинобар баланд будани табъашон ба ҳавопаймо роҳ надоданд” — гуфтаанд аз департаменти иттилоъотии Вазорати корҳои хориҷа ба расонаҳо.
Рӯзи 29 май Сомон Эйр низ 188 шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистонро ба кишвар оварда буд.
Гуфтанист, қаблан Вазорати корҳои хориҷа хабар дода буд, ки имконияти ташкили парвозҳои чартерӣ барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз Русия ва дигар кишварҳо баррасӣ мешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

