Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон барои таҷлили Иди Ғалаба ба Маскав меравад

Раҳмон барои таҷлили Иди Ғалаба ба Маскав меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи таҷлили 75-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум дар Маскав ширкат мекунад.

Бино ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон, Русия ҷиҳати ширкат, раисҷумҳури Тоҷиикистон ба ин чорабинӣ, ки рӯзи 24 июн баргузор хоҳад шуд, ба сурати расмӣ даъват шудааст. 

Гуфтанист, Маросими солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамасола санаи 9 май бо шукуҳу шаҳомати бузург дар Майдони сурхи Маскав  бо намоиши низомӣ мутантан  таҷлил мешуд. Имсол, ба хотири пешгирӣ аз шуйъуи коронавирус бо амри Владимир Путин, президенти ин кишвар таҷлил ба таъхир гузошта шуда буд. 

Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон, дар айни густариши вабо моҳи март ҷашни Наврӯз бо таҷаммуи зиёда аз 20 ҳазор нафар бо иштироки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон таҷлил шуд. 

Ҳоло бошад, бо вуҷуди ин ки дар давоми моҳи май расман 47 нафар ва бо ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ наздик ба 400нафар  аз мубталоӣ ба коронавирус фавтиданд, ҳукумати Тоҷикистон тасмими худ дар бораи таҷлили бошукуҳи иди Ваҳдат дар охири моҳи июнро эълон кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular