Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЛукашенко бо пулемёт вориди Душанбе шудани Раҳмонро таъйид кард

Лукашенко бо пулемёт вориди Душанбе шудани Раҳмонро таъйид кард

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус зимни суханронияш баъди таъйини ҳукумати нави ин кишвар гуфт “касе намедонад, чи гуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд”.

Лукашенко дар ин суханрониаш изҳор дошт, ки Белорус ягон кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибати хунрезиро надидааст.

Ӯ аз танишҳо дар Укроин, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литва ёдоварӣ карда, бо силоҳ вориди пойтахти кишвари худаш шудани раисҷумҳури Тоҷикистонро мисол зад.

Нашрияи иттилоъ медиҳад, ки Лукашенко изҳор дошт:

“Касе намедонад, чи гуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чанд нафар он ҷо ҷон дод. Чи гуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”.

Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) моҳи декабри соли 1992, баъди кудатои сиёсӣ дар сессияи ғайриқонунии Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд, бо силоҳу артиши Ӯзбекистону кӯмаки афсарони Русия вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва онро ба хун кашид. 

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чи гуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо қатли ҳазор нафар ошӯбро шинонд.

“Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо ин ҳолатро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, — гуфт Лукашенко.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular