Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРасман: 80 мавриди нави ибтило ба коруно ва 4609 дар умум

Расман: 80 мавриди нави ибтило ба коруно ва 4609 дар умум

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 80 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст ва теъдоди умумии беморон дар умум ба 4609 нафар расидааст.

Дар баёнияи вазорати тандурустӣ аз рӯзи 8-уми июн омадааст, ки дар маҷмӯъ 1176 нафар зери назорати табибон қарор доранд ва теъдоди фавтидагон 48 нафар аст. Аз замони эълони сирояти беморӣ дар рӯзи 30-уми апрел ба гуфтаи мақомот, 2763 ё 60 дар сади беморон шифо ёфтаанд.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва «илтиҳоби шуш» бештар аз 400 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Дар саросари ҷаҳон теъдоди беморони COVID-19 аз 7 миллион нафар бештар шудааст ва шумораи фавтидагон аз 402 ҳазор нафар гузашт. Омори мазкур дар бораи бемориро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико ҷамъ меорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular