Thursday, February 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДоналд Трамп барномаи 100 рӯзи аввали президентияшро эълон кард

Доналд Трамп барномаи 100 рӯзи аввали президентияшро эълон кард

Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп роҷеъ ба ислоҳоте, ки ӯ дар сад рӯзи аввал ва рӯзи аввали президентиаш мегузаронад, нашр кард.

Пешниҳодҳои ироагардидаи Трамп аслан мулоҳизаҳои барномаи пешазинтихоботии ӯро такрор карда, ба созишномаҳои тиҷоратӣ, энергетикӣ, муҳоҷират, амнияти миллӣ ва идоракунии давлатӣ иртибот доранд. Бино ба гуфтаи президенти тозаинтихоби Амрико, татбиқи ислоҳот, ки асоси онро принсипи «Амрико дар мадди аввал» ташкил медиҳад, ба «дубора бузург кардани Амрико» ва «барқарор намудани табақаи миёна»-и кишвар мусоидат мекунад.

Трамп тасдиқ кард, ки азм дорад то ба баровардани кишвараш аз созишнома оид ба шарикӣ дар Уқёнуси Ором мушарраф гардад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар маснади Сарвари давлат маҳдудиятро ба истеҳсоли нафту газ бекор мекунад.

Илова бар ин, Доналд Трамп эълон кард, ки ба Вазорати мудофиаи кишвар супориш медиҳад, то доир ба ҳифзи инфрасохтори ҳаётан муҳим аз ҳамлаҳои хакерӣ ва таҳдидҳои дигар нақша тарҳрезӣ намояд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular