Wednesday, October 22, 2025
ADS
HomeПаём нетТоҷиксодиротбонк бо ваъдабофӣ пули мизоҷонашро намедиҳад

Тоҷиксодиротбонк бо ваъдабофӣ пули мизоҷонашро намедиҳад

Як хонандаи мо бо номи Акмал навиштааст, ки Тоҷиксодиротбонк сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ на фоизи пулҳо ва на худи пулҳое, ки модараш дар ин бонк амонат гузоштааст, пардохт намекунад.

Акмал мегуяд,  аз моҳи Апрели соли 2016 ба бонки Тоҷиксодиротбонк ба маблағи 76000 сомонӣ ва 1300 доллари амрикоӣ  ба муҳлати як сол додааст.  

Тибқи шартнома бонк мебоист  ҳар моҳ фоизи пулро пардохт мекард. Аммо ба ҷуз як моҳи баъди шартнома дигар Тоҷиксодиротбонк фоизи пулро пардохт накардааст.  Вақте, ки барои гирифтани фоизи 2 моҳа меравад кормандони бонк мегуянд,  аз душанбе иқдом шудааст, ки маблағҳоро дар моҳи август пардохт кунанд.

Моҳи август ҳам мегузарад намедиҳанд. Модари Акмал ариза менависад, ки ҳамаи маблағҳои гузошта шуда бар гардонида шавад. Ахиран ваъда мекунанд, ки 18 уми ноябр ҳама маблағро бо фоизҳои моҳҳои сипаришуда пардохт мекунанд. Аммо то имруз пардохт накарда ба 18уми декабр ваъда додаанд.

Ин хонум, Раҳмонова Зуҳро, ки бошандаи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд мебошад,  гирифтори бемории асаб ва фишори хун шуда чанд бор бистарӣ гардидааст.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?