Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар Серпухово ғарқ шуд

Шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар Серпухово ғарқ шуд

Шаҳрванди 30 — солаи Тоҷикистон дар Серпухова аснои шиноварӣ кардан дар канал ғарқи об шудааст. Мақомоти тафтишотӣ дар Подмосковие аз ин ин ҳодиса тафтишот мебаранд

Дар Серпухова шаҳрванди Тоҷикистон ғарқи об шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бар хабари расонаҳо, ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 6 — уми июл дар минтақаи Калиновские Висилки рух додааст. Шаҳрванди 30 — солаи Тоҷикистон дар канал танҳо оббозӣ карда, ногаҳон зери об рафт ва ғарқ шуд.

Гурӯҳи наҷотбахшон бо дарёфт намудани ин хабар фавран ба  ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади беҷони муҳоҷири тоҷикро аз дохили об берун оварданд.

Феълан, мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот мебаранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular