Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳбари ситоди муштараки артиши Ӯзбекистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам шуд

Раҳбари ситоди муштараки артиши Ӯзбекистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам шуд

Додгоҳи низомии Ӯзбекистон  алайҳи ду шаҳрванд — шавҳару зан, ки ба хиёнат ба ватан айбдор мешаванд, ҳукм эълон кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон, зану шавҳар  Ярбабаевҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 157 (Хиёнат ба давлат) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, ки А.Ярбабаев як замон роҳбари ситоди муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон буд.

Гуфта шудааст, ки маводи парвандаро додгоҳ ҳамаҷониба ва пурра баррасӣ карда, муайян кард, ки судшавандаҳо А.Ярбабаев ва Э.Ярбабаева дар хиёнат ба ватан даст  доштаанд.

Дар иттилоия омадааст, «Ҳангоми баровардани ҳукми айбдоршавандаҳо, додгоҳ принсипҳои инсондӯстӣ ва адолат, ки дар Конститутсия ва қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муқаррар шудааст, риоя кардааст».

Дар натиҷа, бо назардошти хусусияти ҷиноят ва дараҷаи хавфи иҷтимоӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда, аз қабили шахсияти айбдоршаванда ва вазъи оилавӣ, ба шавҳар ҳукми 11 солу 6 моҳ маҳрум аз озодӣ дода шуд.

Тибқи моддаҳои 57 (ҷазои сабуктар) ва 72 (ҷазои шартӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зан шартан аз адои ҷазо озод карда шуда, ба ӯ се сол мӯҳлати санҷиш таъин карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular