Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚимати таҳсил дар Тоҷикистон гаронтар шуд

Қимати таҳсил дар Тоҷикистон гаронтар шуд

Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон аз афзоиши маблағи шартномаи таҳсил дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи кишвар дар соли равон хабар дод.

Бино ба гузориши  сомонаи ТопТҶ, мақомоти ин хадамот эълом кардаанд, ки аз соли таҳсилии нав дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи кишвар қиммати омӯзиш ҳашт дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ба далели афзоиши нархи хадамот, маводи ғизоӣ ва таваррум дар Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона, масъулони донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои кишвар пешниҳод карда буданд, ки қиммати таҳсил 15 то 20 дарсад афзоиш ёбад, аммо Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон танҳо бо афзоиши ҳаштдарсадии қиммати таҳсил мувофиқат кардааст.

Ин афзоиш, донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзиши техникӣ ва ҳирфаии дохилӣ ва шуъбаҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистонро шомил мешавад, аммо риштаҳои улуми табииро дар бар намегирад.

Дар Тоҷикистон солҳои 2020 то 2040 ду даҳаи омӯзиши улуми табиӣ эълом шудааст.

Ҳадаф аз эъломи бист соли омӯзиши улуми табиӣ дар Тоҷикистон, тақвияти фарогирии улуми табиӣ ва риёзӣ дар кишвар ва ниҳодина кардани тафаккури техникӣ дар хонандагону насли ҷавон эълом шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular