Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМусодираи обҳои газноки истеҳсоли Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Мусодираи обҳои газноки истеҳсоли Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Мақомоти Озарбойҷон аз мусодираи ҳазорҳо шиша оби газноки муҳлатгузаштаи истеҳсоли Тоҷикистон хабар доданд

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Оҷонсии амнияти озуқавории Озарбойҷон дар як фурӯшгоҳи маҳаллӣ миқдори зиёди маҳсулоти пастсифат аз Тоҷикистон пайдо шудааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти дорои сифати номувофиқ дар дар кӯчаи Саид Ҷаъфар Пешоварии ноҳияи Насими Боку ёфт шудааст.

Кормандони мақомоти танзимкунанда беш аз 25 ҳазор шиша оби нӯшокиро бо ҳаҷми 0,5, 1 ва 1,5 литр мусодира кардаанд.

Гуфта мешавад, обҳои газдор ва бегаз дар анбори мағозаи озарбойҷонӣ бидуни риояи ҳарорат нигоҳ дошта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, обҳои мусодирашуда истеҳсоли ширкатҳои “Оби Зулол”, “Сиёма” ва “Ҳавотоғ” будааст.

Манбаъ мегӯяд, бо қарори Оҷонсии амнияти озуқаворӣ фурӯши обҳои ошкоршуда пурра манъ карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular