Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВокуниши Чин ба бастани консулгариаш дар Техас

Вокуниши Чин ба бастани консулгариаш дар Техас

Чин гуфт, ки ИМА ногаҳон, бидуни огаҳӣ хабар дод, ки консулгарии ин кишвар дар шаҳри Ҳюстони Техасро мебандад. Ин қарор мавриди интиқоди Пекин шуд, ки мегӯяд, тасмими Амрико бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ буда таҳдид кард, ки посух хоҳад дод.

Ванг Венбин, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар нишасти хабарии ҳафтаинааш рӯзи 22 июл гуфт, ки рӯзи гузашта Чин огоҳонида шуд, ки бояд дар давоми 72 соат консулгарӣ баста шавад. Ин хабрро сухангӯи департаменти давлатии ИМА тасдиқ кард ва гуфт, ки ин қарор “ба хотири ҳимоят аз моликияти зеҳниву иттилои хусусии амрикоиҳо қабул шудааст”.

Ванг гуфт, “Чин аз ИМА тақозо мекунад, ки билофосила қарори иштибоҳиашро бекор кунад, вагарна Чин ҳатман вокуниши муносиб ва зарурӣ нишон хоҳад дод”. Ванг гуфт, ки кори консулгарӣ ба таври маъмулӣ пеш меравад, дар ҳоле, ки матбуоти Ҳюстон хабар дод, ки дар ҳавлии консулгарӣ шабонгоҳ коғазу санадҳое оташ зада шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular