Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чечченистон ба таҳрими Амрико алайҳи шахси худаш бо аксе дар даст тирандоз посх гуфт. «Мо муҳорибаро қабул мекунем» — навишт Қодиров дар посухи Майк Помпео.
Қодиров бо нашри аксе дар либоси низомӣ ва ду тирандоз (пулемет) дар даст дар саҳифаи телегроми худ ба баёнияи Помпео, ки ӯро ба нақзи ҳуқуқи башар уттаҳам кард навишт: «Помпео, мо муҳорибаро қабел мекунем. Минбаъд ҷолибтар хоҳад буд,»
Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 20-уми июл Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии худмухтори Чеченистонро барои нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа, таҳрим намуд ва сафари ӯ ба Амрикоро манъ кард.
Ба гузориши хабаргузории «Рейтерз», Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон ва аз муттаҳидони Владимир Путин, аз паҳншавии коронавирус ҳамчун баҳонае барои нақзи ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии худмухтор истифода мекунад.
Помпео афзуд, «Вазорати хориҷӣ маълумоти муфассал ва муътабаре дорад, ки собит мекунад Қодиров масъули нақзи шадиди ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа ва қатлҳои худсарона ва ғайриқонунӣ аст».
Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия дар вокуниш ба таҳрими Қодиров дар Фейсбук навишт, «ҷуброни ин иқдом душвор хоҳад буд, вале як фикре хоҳем кард».
Тибқи ин таҳрим, ҳамсар ва духтарони Рамзан Қодиров низ иҷозаи сафар ба Амрико нахоҳанд дошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

