Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги 7 нафар 178 офати табиӣ дар ним сол

Марги 7 нафар 178 офати табиӣ дар ним сол

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон теъдоди қурбониёни ҳаводиси табииро дар соли 2020 эълом кард.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ибтидои соли 2020 то кунун, 178 ҳодисаи табиӣ дар Тоҷикистон рух додааст.

Ба гуфтаи Назарзода, дар 6 моҳи аввали имсол 7 нафар  дар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Назарзода гуфт: Аз ин теъдод ду нафар ба иллати резиши баҳман, 4 нафар бар асари бархӯрди санг ва резиши кӯҳ ва як нафар дар асари бархӯрди соиқа кушта шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular