Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚарзи музди меҳнат ба 70 млн наздик шудааст

Қарзи музди меҳнат ба 70 млн наздик шудааст

Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 67 миллиону 367 ҳазору 700 сомонӣ расида, 38 корфармо муҷозот шудаанд

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш, дирӯз, 23 июл, гуфт, тайи нимсолаи соли равон қарзи музди меҳнат 20 миллиону 571 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Гулрӯ Ҷабборзода гуфт «Ин қарз дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ба ҷуз кишоварзӣ, ошкор шудааст, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, нақлиёт, идораҳои беҳдошти замин, авиатсия ва ғайра. 90,3 дар сади қарздорӣ ба 27 корхона рост меояд, ки ҳама ғайрибуҷавианд. Корхонаҳои буҷетӣ 185 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби музди меҳнат ба кормандонашон қарздоранд. Соҳаи тандурустиву маориф қариб ки қарз надоранд, ба ҷуз чанд муассисаи маориф дар вилояти Хатлон, ки ин масъала ҳамин рӯзҳо ҳалли худро меёбад».

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тайи шаш моҳи соли равон барои пардохт накардани музди меҳнати кормандон алайҳи 38 роҳбари ташкилоту муассиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, ҳар яке аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда – 58 сомонӣ), дар умум 49 271 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 67 миллиону 367 ҳазору 700 сомонӣ ба 12 ҳазору 60 корманди 87 муассисаву ташкилоти кишвар рабт дошта, ин маблағ аз соли 2006 ба ин сӯ ҷамъ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular