Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТАлКо қарздориаш аз «Барқи Тоҷик»-ро рад кард

ТАлКо қарздориаш аз «Барқи Тоҷик»-ро рад кард

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) маълумот дар бораи қарздори калон буданаш ба ширкати “Барқи тоҷик”-ро рад мекунад.

Директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО Игор Сатторов қайд мекунад, ки рӯзи 28 июл дар чанде аз ВАО бо истинод ба ШСХК «Барқи тоҷик” дар бораи қарздори калон будани ширкат ба “Барқи тоҷик” маълумот нашр шуд.

Дар шарҳи ин масъала ӯ изҳор мекунад, ки тибқи таҷрибаи ҷойдошта байни ТАЛКО ва “Барқи тоҷик” ҳисоббаробаркуниҳои хотимавӣ байни корхонаҳо охири сол сурат мегиранд.

Ин ҳисоббаробаркуниҳо ба гуфтаи Сатторов, натанҳо аз пардохт барои барқи истифодашуда дар ифодаи пулӣ иборатанд, балки аз ҷониби ширкати алюминий аз ҳисоби таъминоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо ангишт ва маҳсулоти нафтӣ ҳисоббаробарӣ карда мешаванд.

“Тайи 5 соли охир ширкати алюминии тоҷик натанҳо пурра, балки бо гузаронидани маблағи зиёдтар аз пешбинишуда барои истифодаи неруи барқ пардохтҳоро анҷом дод”, — илова кард ӯ.

Сардори Сарраёсати молияи “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода дар нишасти матбуотии рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта хабар дод, ки ТАЛКО ба сафи қарздорони калони ширкат дохил шуда, аз ҳисоби истифодаи барқ 415 млн сомонӣ (беш аз 40 млн доллар) қарздор аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular