Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 июли соли равон ҳудуди 3,1 млрд долларро ташкил дода, таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 36,1%-ро ташкил медиҳад.
Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи ҷумҳурӣ ба журналистон хабар дод “Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон давоми 6 моҳ 170,9 млн доллар зиёд шуд”.
Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар назди “Эксимбонк”-и Чин қарздор аст,ки ҳаҷми он ба зиёда аз 1,1 млрд доллар баробар аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 338,5 млн, Бонки осиёии рушд — 287,3 млн, Бонки исломии рушд — 131,9 млн доллар қарздор буда, ҳаҷми уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи евробондҳо 500 млн долларро ташкил медиҳад.
Вазири молия қайд кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 587,2 млн доллар 16 созишномаи нави қарзӣ ва грантӣ имзо шудааст.
Аз ин ҳаҷм 361,2 млн доллараш маблағҳои грантӣ, 220 млн — қарзҳо ва 6 млн доллараш саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Аввали соли равон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошта буд, ки корҳои ҷалби қарзи хориҷӣ ба стратегия оид ба идоракуни қарзи хориҷӣ бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байнулмилалии асъор асос меёбад.
“Кӯшиш мекунем, ки аз доираи тавсияҳои ХБА берун наравем, зеро бо ин Хазина ва дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамкорӣ дошта, манфиатдорем, ки минбаъд ба ҳамкории мо ягон монеа эҷод нашавад”, — иброз дошта буд Қаҳҳорзода.
Таъкид шуд, ки дар ин масъала ба ҷалби маблағҳои беруна бар асоси кумаки бебозгашт афзалият дода мешавад.
Мебояд гуфт, “хатти сурх”-е, ки ХБА баромадан аз онро ба иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон тавсия намедиҳад, таносуби 40% қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

