Saturday, April 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия гуфт боздошти шаҳрвандонаш дар Белорус ба муносиботи ду кишвар таъсир мерасонад

Русия гуфт боздошти шаҳрвандонаш дар Белорус ба муносиботи ду кишвар таъсир мерасонад

Русия таҳдид кард, ки боздошти 33 зархариди рус дар Ҷумҳурии Беларус беоқибат намемонад. Шаҳрвандони Русияро ҳафтаи гузашта дар наздикии шаҳри Минск дастгир карданд. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Миллии Русия, рӯзи 3-уми август гуфт, раҳбарони Белорус робитаҳои дуҷонибаро ба як “тағйири хурде дар маъракаи интихоботӣ табдил додаанд.”

Ӯ афзуд, ки боздошт оқибатҳои баде барои робитаҳои дуҷонибаи Русияву Белорус дошта метавонад. Дар Белорус рӯзи 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва Александр Лукашенко, ки 26 сол боз раиси ҷумҳур аст, мехоҳад, дар мақомаш бимонад.

Дмитрий Медведев гуфт, амалкарди Белорус “на танҳо таҳқиромез, балки бисёр ғамангез аст.” Медведев, ки дар гузашта, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Русия ҳам буд, гуфтааст, ки боздошти шаҳрвандони кишвараш “беоқибат намемонад”. Боздошти зархаридон ва ҳузури онҳо дар Белорус, танишҳо дар ин кишварро, ки шоҳиди тазоҳуроти азим ба зидди Лукашенко шуд, зиёдтар кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular