Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет124 корхонаи саноатии дигар аз кор монд

124 корхонаи саноатии дигар аз кор монд

Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки 2216 корхонаи саноатии бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд

 Ахиран вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба хотири иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Ба гуфтаи вай,дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ, бо таъсиси 1135 ҷои кор, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Вай зикр кард, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус, корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла дастрасии номукаммал ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дучор гардиданд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода зини нишастӣ матбуотӣ таъкид дошт, ки дар ин росто, аз 2216 корхонаи  саноатии  бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular