Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚирғизистон ҳам аз имкони камбуди барқ хабар дод

Қирғизистон ҳам аз имкони камбуди барқ хабар дод

Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол дар Қирғизистон камбуди нерӯи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Дар ин бора ширкати «Северэлектро»-и Қирғизистон хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

Қирғизистон кишвари сероб ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз ин бо камбуди об барои кишоварзӣ ва истеъмоли сокинон рӯ ба рӯ аст.

Аз соли 2010 ба ин тараф дар Қирғизистон барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва сохтани истгоҳҳои барқӣ беш аз 1 миллиард доллар сармоя ҷалб шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular