Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти 4 ҳамхизмати Рамазон Зоиров

Боздошти 4 ҳамхизмати Рамазон Зоиров

Дар робита ба марги сарбози қисми низомии «87740»-и Вазорати дифои Тоҷикистон, Рамазон Зоиров, чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кардаанд.

Ҷасади Рамазон Зоировро охири моҳи июл ба волидонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ супурданд. Мақомот мегӯянд, ӯ тасодуфан худро паррондааст, вале хонаводааш бовар надоранд.

Як муфаттиши Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми август боздошти чаҳор сарбозу афсари қисми низомии «87740»-и Вазорати мудофиаро тасдиқ кард, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқот номи аскаронро нагуфт. Вай афзуд, «онҳо ба суистифода аз мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ муттаҳаманд.»

Сарбозони дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба онҳо аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба сабаби маълум набудани номи сарбозони боздоштшуда ёфтани наздиконашон ва, ҳамин тавр, фаҳмидани мавқеи онҳо то ин дам муяссар нашуд.

Қиёмиддин Зоиров, падари Рамазон Зоиров, мегӯяд, рӯзи панҷшанбеи гузашта ӯро ба Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон даъват карда, аз боздошти чаҳор нафар дар робита ба марги писараш огоҳ намудаанд. Вай аз қавли муфаттишон гуфт, «то анҷоми хидмати ин чаҳор нафар ду моҳ монда будааст. Онҳо гуё ба Рамазон фишор овардаанд ва кор ба марги фарзанди ман кашида шудааст.»

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular