Tuesday, February 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВКХ Тоҷикистон аккредитатсияи 6 нафар рузноманигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро бекор кард

ВКХ Тоҷикистон аккредитатсияи 6 нафар рузноманигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро бекор кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аккредитатсияи шаш хабарнигорони Хадамоти бахши тоҷикии Радиои Озодиро бекор кардааст.

Дар ин бора дар бахши англисии хабар нашр шудааст. Бино ба манбаъ сабаби бекор кардани аккредитатсияи хабарнигорон пахши хабар дар бораи соҳибмансаб шудани Рухшона Раҳмонова духтари президент Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Як манбаъи муътамад аз Радиои Озодӣ ба ПАЁМ.net гуфт, дар байни онҳое, ки аккредитатсияашон аз тарафи ВКХ ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шудааст, номи рузноманигорони бахши тоҷикии радиои Озодӣ  Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашуров ҳам будааст.

Ёдовар мешавем, дируз 25 ноябр дар расонаҳо бо такя ба ҷадвали сохтори ВКХ аз сайти ин вазорат, хабаре нашр шуд, ки Рухшона Раҳмонова, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular