Кишвари Олмон субҳи 21 август як ҳавопаймои махсуси тиббиро, ки махсуси интиқоли беморони мадҳуш аст, барои овардани роҳбари оппозитсияи Русия Алексей Навалний ва идомаи табобаташ дар бемористони Charité-и Берлин ба шаҳри Омск фиристод.
Вале бо вуҷуди расидани ҳавопаймо, табибони Омск ба интиқоли Навалний иҷозат надоданд.
Сартабиби бемористони Омск Александр Мураховский гуфт, «табибони бемористонҳои Бурденко ва Пирогов аз табибони бемористони Олмон камӣ надоранд «.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл Дмитрий Песков – сухангӯи президенти Русия итминони хотир дода буд, ки агар ба Кремл ё вазорати тандурустӣ ҷиҳати интиқоли Навалний ба ягон бемористони хориҷӣ муроҷиат шавад, ин дархост ба сурати фаврӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Тарафдорони Навалний мегӯянд, дар бадани ӯ осори заҳр пайдо кардаанд ва табибон мехоҳанд вақтро тӯл бидиҳанд, то ки ин ҷиноятро рӯйпӯш кунанд.
Ҳавопаймои Томск – Маскав субҳи 20 август ба далели бад шудани аҳволи саломатии мусофираш Алексей Навалний ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Омск нишаст. Навалнийро аз фурудгоҳ рост ба бемористон бурданд ва ӯ дар онҷо ба ҳолати мадҳушӣ (кома) афтод).
Роҳбарони Олмону Фаронса Ангела Меркел ва Эммануил Макрон рӯзи 20 август изҳор доштанд, ки омодаанд ба Навалний имкони табобат ва паноҳгоҳ диҳанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

