Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон номзад шуд

Раҳмон номзад шуд

Рӯзи 26 август дар Душанбе вакилони анҷумани 22-юми Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон «якдилона» номзадии президенти кунунии кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба интихоботи президентии рӯзи 11 октябр пешбарӣ карданд.

Вакилони анҷуман хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ғамхориаш дар ҳаққи ятиму маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандонро зикр кардаанд. Ба ин тартиб, Иттифоқҳои касаба нахустин созмоне шуд, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба интихоботи имсола пешбарӣ кард.

Дар айни замон, бино ба маълумоти манобеи сомонаи «Ахбор”, масъулони ҷамоатҳо дар чанд ноҳия ба ҷамъоварии имзоҳо барои номзадҳо шурӯъ кардаанд. Дар бланки имзоҳо исми ягон номзад зикр нашудааст, вале ба сокинон гуфтаанд, ки имзоҳои онҳоро ба тарафдорӣ аз номзадии Рустами Эмомалӣ ҷамъ оварда истодаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular