Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДонишҷӯёни қабулшудаи тоҷик наметавонанд ба Русия раванд

Донишҷӯёни қабулшудаи тоҷик наметавонанд ба Русия раванд

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда дар мактабҳои олии Русия, наметавонанд ба ин кишвар барои идомаи таҳсил сафар кунанд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Русия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, санаи 24 августи соли равон масъулини вазорати умури хориҷа ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия таҳсил мекунанд.

Таъкид гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Русия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд.

“Дар ин робита, вазорат аз сафорат хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Русия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғ.) мусоидат намояд”, — гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорати умури хориҷии кишвар ҳамчунин қайд кардааст, ки айни замон масъалаи мазкур бо Русия дар ҳоли баррасӣ аст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular