Thursday, February 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия ва эълони “пешвоз” аз тарафи мухолифин

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия ва эълони “пешвоз” аз тарафи мухолифин

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирокаш дар саммити об дар Будапешт, пойтахти Маҷористон бо як сафари кӯтоҳе аз Ҷумҳурии Чех ҳам боздид хоҳад кард.

Дар ин бора бахши тоҷикии хабаргузории вобаста ба Конгресси Амрико бо такя ба дафтари матбуотии Ҷумҳурии Чех хабар додааст. Бо иттилои ин хабаргузорӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон қарор аст фардо, 1 декабр сурат гирад. Аммо дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳеҷ хабаргузории давлатие аз ин сафар хабар надодаанд. Сафари Раҳмон ба Будапешт ҳам бидуни сару садо ва эълон сурат гирифт ва танҳо баъди пайдо шуданаш дар Будапешт хабаргузориҳо аз он дарак ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, мухолифини давлат мегӯянд Эмомалӣ Раҳмон сафарҳояшро ба Аврупо бидуни сару садо анҷом медиҳад, то мухолифин дар муҷобилаш тазоҳурот накунанд. Баъди нашри хабари сафари Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех, Нуриддин Ризоӣ, фаъоли сиёсӣ ва яке аз раҳбарони Гурӯҳи 24 дар шабакаи ииҷтимоии фейсбук “маслиҳат ба миён” гузоштааст, то назари мухолифини давлатро дар бораи сафар ба Ҷумҳурии Чех барои “пешвозгирӣ”-и раисҷумҳури Тоҷикистон ҷамъ намояд. Яке аз корбарони шабака навиштааст ҳозир аст аз Лаҳистон ду мусофирбар одам барои “пешвоз”-и Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех бифристад.

Ҳанӯз тасмими мухолифин дар ин боар маълум нест. Паём.нет ҳатман назари онҳо ва натиҷаи тасмимашонро нашр хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular