Тули чанд рӯз аст, ки аз ба таври ғайрирасмӣ ҷорӣ шудани лимити барқ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон расонаҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Давоми ҳафта ингуна шикоятҳо хеле афзудааст.
Ду руз пеш коршиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён ба хабарнигори Parstoday гуфта буд, ки чанд рӯз аст дар хонааш қувваи барқ нест ва дар хона аз бебарқию хунукӣ азият мекашад. Ҳукуматро мебоист ба ҷои барқкушию нонвойхонаву гармобаҳоро бастан бухориҳои гармидиҳиро тибқи ваъдаи кардааш ба кор медаровард. Дар ин ҳолат ҳам қувваи барқ зиёд исроф намешуд ва мардум ҳам ба қувваи барқ ва ҳам ба оби гарму хонаи гарм дар биноҳои баландошёна таъмин мешуд.
Як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи Асад дар саҳифаи худ навиштааст, ҳукумат чанд вақт шуд ҳамаро огоҳ мекунад, ки имсол зимистон хунуки сахт мешавад, омодагиатонро бинед. Охир дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунем. Чигуна омодагӣ медидаем. Ин ҷо таппак захира карда нашавад. Шаҳр аст охир, ҳайвоноти хонагӣ доштан мумкин нест. Ҳарруз қувваи барқро хомуш мекунанд. Занг зада мепурсем, мегуянд авария шудааст, соз карда истодаанд. Соз, ки шуд, қувваи барқ ҳам мешавад. Аммо чанд дустон аз чанд гушаю канори Душанбе ҳам гуфтанд, ки дар хонаи онҳо ҳам барқ нест. Магар саросар дар Душанбе ҳарруза “авария” мешавад? Охир ба ҷои мардумро огоҳ кардан намешуд, ки худатон омодагиатонро хубтар бинеду “аварияҳо” -ро пешгирӣ кунед?
Рузноманигори ҷавон Мазҳаб Ҷумъа бошад дар саҳифаи фейсбукии худ гуфтааст: Зиёд кушиш кардам ки нанависам, аммо нашуд! ООО як ҳафта мешавад, ки дар кучаи Неъмат Қарабоев 200 руирост лимити барқ ҷорӣ шудааст, танҳо расман эълон намекунанду бас! Як ҳафта мешавад, ки соати 8 мекушанду бегоҳ соати 5 дар мегиронанд. ЭЭЭ масъулин инсоф доред, инхелӣ бадашам набудагист охир! Расман эълон кунед ки лимити барқ ҷорӣ шудааст, мо тайёримона бинем охир. ОО кудаки навзод дорем. Ина ҳамин саҳар соати 9 мурда буд то ҳол дар нагирифтааст. А аз саҳар боз Горсвети Сино занг мезанам, телашон «зайнит» аст. Ба фикрам вақте барқро мекушанд гушии телефонро яктараф гирифта мемонанд. Аз навбатдороне ки Ҳукумати шаҳр ташкил кардааст, хабаре нест, телефонҳояшонро намебардоранд… Эй Масъулин Шумо инсоф доред!!!??? ООО як моҳ пеш аз сардиҳо эълон карда буданд, ки тайёриатонро бинед зимистони сард меояд, аммо ин ҳушдор ба гуши кар азон хонданро монд.
Аммо рузноманигори машҳур хонум Марям Давлатова навиштааст, ҳарчанд барқ бидуни эълон қатъ мешавад, вале нисбат ба солҳои пешин шароити аз нав барқароркунии қувваи барқ нисбат ба солҳои гузашта ва тоза кардани роҳҳо аз барф хеле беҳтар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати шаҳри Душанбе эълон карда буд, ки то тирамоҳи имсол омодагии худро мебинад ва аз саршавии зимистон дар якчанд ноҳияҳои шаҳри Душанбе бухориҳои гармидиҳии обиро ба кор медарорад.